27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
15.02.2025 13:17

Таҳдиди Миср ба Исроил: “Рӯзи дуюми ҷанг дар Тел-Авив хоҳем буд”

Баъди он ки режими саҳюнистӣ ба таври ғайримустақим таҳдид намуд, дар сурати сар задани ҷанг миёни Миср ва Исроил, садди муҳимми Мисро ҳадаф қарор медиҳад, як вакили мисрӣ бо вокуниши сахт посух дод.

Мустафо Бакрӣ, таҳлилгар ва намояндаи парлумони Миср бо ирсоли паёми шадид таъкид кард, ки агар Исроил чунин иқдом анҷом диҳад, мардуми Миср рӯзи дигар ба Тел-Авив хоҳанд расид.

“Шумо артиши Мисрро хуб намешиносед. Ба неруҳои худ нигоҳ кунед ва бубинед, ки ҷангҷӯёни Ҳамос ва муборизони Фаластин бо онҳо чӣ карданд”- гуфт Мустафо Бакрӣ.

Қаблан, як расонаи низомии Исроил иддао карда буд, ки Исроил метавонад Садди Аъло дар Асвонро бо мушакҳо дар лаҳзаи аввали ҳамла ба Миср ҳадаф қарор диҳад.

Ин расона навиштааст, ки мушакҳо ё аслиҳаи пешрафтаи дигар метавонанд садро вайрон карда, обхезии бузурге ба вуҷуд оваранд, ки шаҳрҳои Луксор ва Асвонро фаро мегирад ва об ба пойгоҳҳои низомӣ ва иншооти саноатӣ дар канори рӯдхонаи Нил мерасад.

Дар идомаи гузориш омадааст, ки агар ин ҳодиса рух диҳад, обхезӣ ба Қоҳира мерасад ва зиндагӣ дар ин шаҳрро фалаҷ мекунад. Дар натиҷаи чунин ҳодиса 1,7 миллион нафар кушта шуда ва агар огоҳии пешакӣ дода нашавад, шумори қурбониён метавонад ба 10 миллион нафар расад.

Дар пайи таҳдидҳои Исроил мақомоти низомии Миср ҳушдор додаанд, ки ҳама гуна таҷовузи низомӣ ба хоки Миср бо посухи шадид рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир Миср неруҳои низомии худро дар минтақаи Санои ҳаммарз бо Исроил ҷойгир кардааст ва онҳо комилан дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.