27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
15.02.2025 11:45

Одили Панҷшерӣ, Абу Мунзар ва Коко Юнус – узви аршади ДОИШ-и Хурсон боздошт шуданд

Созмони иктишоф (амният)-и Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар дод, се узви аршади ДОИШ-и Хуросон, ки шаҳрвандони Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошанд, боздошт гардиданд.

Бар асоси иттилои Созмони иктишофии Покистон Одили Панҷшерӣ аз Афғонистон, Коко Юнус аз Ӯзбекистон ва Абу Мунзар аз Тоҷикистон дар кори ҷалби неруҳо, таъминоти молиявӣ ва осон намудани сафарҳои ҷангҷӯён барои созмон додани ҳамлаҳои интиҳорӣ нақш доштаанд.

Покистон аз замон ва макони боздошт шудани се узви аршади ДОИШ-и Хуросон ҷузъиёт надодааст.

Қабл аз ин, Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гузориш дод, ки Одили Панҷшерӣ, Абу Мунзар ва Коко Юнус дар тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Кирмони Эрон ва шаҳри Маскави Федератсияи Русия даст доштанд.

Одили Панҷшерӣ кист?

Пас аз ҳамлаи хунин ба Донишгоҳи Кобул дар моҳи ноябри соли 2020 номи Ориф Одил, ки ба ҳайси созмондиҳандаи ҳамлаи террористӣ шинохта мешуд, расонаӣ гардид. Дар ин ҳамла тақрибан 20 нафар кушта шуданд ва масъулияти онро гурӯҳи ДОИШ ба даст гирифт.

Баъди ҳодисаи террористии Кобул Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини президенти Афғонистон гуфт, ки Толибон ва ДОИШ масъули ҳамла буданд ва Орифи Одил боздошт шудааст. Ӯ таъкид карда буд, ки Одил дар факултети шаръиёт таҳсил мекард, аммо аз сӯи Саноуллоҳ, узви собиқи шабакаи Ҳаққонӣ ҷалб шуда, дар содир намудани ҷиноят даст дошт.

Дар пайи ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмони Эрон Вазорати иттилооти ин кишвар эълон кард, ки Одили Ориф дар ҳамлаи террористии Донишгоҳи Кобул ва Кирмони Эрон даст дорад. Мақомоти эронӣ гуфта буданд, ки Одили Панҷшерӣ, ки дар ҳукумати пешини Афғонистон ба ҳукми қатл маҳкум гардида буд, моҳи августи соли 2021 аз зиндони Багром озод шуд.

Абу Мунзари тоҷикистонӣ кист?

Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки Абу Мунзар - бо номи мустаори Абдуллоҳ, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз аъзои калидии шохаи амалиёти хориҷии ДОИШ аст. Ӯро аз созмондиҳандагони асосии ҳамлаи маргбори террористӣ медонистанд. Он вақт гузориш шуда буд, ки ӯ ҳанӯз дар Афғонистон пинҳон шудааст. Мақомоти покистонӣ эълон намуданд, ки Абу Мунзар низ дар миёни боздоштшудагон аст.

Коко Юнуси ӯзбекистонӣ кист?

Дар бораи Коко Юнуси ӯзбекистонӣ маълумоти зиёд дар даст нест. Вале бар асоси гузориши Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ӯ бо Одили Панҷшерӣ ва Абу Манзур дар ҷалб намудани неруҳо, осон кардани сафарҳо ва таъмини молии ҳамлаҳои интиҳорӣ, аз ҷумла дар Кирмони Эрон ва Маскав нақш доштааст.

Мақомоти покистонӣ гуфтаанд, ки пас аз боздошти се узви аршад ДОИШ-и Хуросон маҷбур шудаанд, ки истифодаи иртибототи электрониро коҳиш диҳанд. Ин гурӯҳ барои пешгирӣ аз ифшо шудани фаъолиятҳояш аз шабакаи интиқолдиҳандаи инсонӣ барои расонидани паём ва ҳамоҳангсозии амалиётҳо истифода мебурдааст.

Мақомоти амниятии Покистон гуфтаанд, ки боздошти се нафар узви аршад зарбаи сахт ба шабакаи амалиётии ДОИШ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳамчунон нигарониҳо дар хусуси фаъолияти ДОИШ-и Хуросон дар Афғонистон ва минтақаҳои дигар вуҷуд дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.