27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
14.02.2025 15:50

Русия: “Ноамнӣ дар Афғонистон ба Тоҷикистон таъсир мерасонад”

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Санкт-Петербург нигаронии худро оид ба ноамнӣ дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баён кард.

Сергей Лавров зимни мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз вазъи шиддатёбандаи амниятӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ намуд. Вай таъкид кард, ки ноамнӣ дар Афғонистон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя, бахусус Русия ва Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонад.

“Маълум аст, ки вазъият дар ин кишвар ҳамоно душвор боқӣ монда, ба ҳамсоягонаш, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон таъсир мерасонад” – гуфт Сергей Лавров.

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия, инчунин, бар зарурати ҳамкориҳои минбаъда дар чаҳорчӯби созмонҳои бисёрҷониба барои таъмини амнияти минтақавӣ таъкид кард. Ӯ гуфт, ки Маскав ва Душанбе ҳамкориҳоро ҷиҳати беҳтарсозии самараноки Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон идома медиҳанд. Ин пойгоҳ яке аз бузургтарин пойгоҳҳои низомии Русия дар хориҷи кишвар аст.

Нигаронии Сергей Лавров дар хусуси ноаманӣ дар Афғонистон дар ҳолест, ки дар рӯзҳои ахир ҳамлаҳои интиҳорӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст. Яке аз ҳамлаҳои интиҳории ахир рӯзи панҷшанбе дар Вазорати шаҳрсозии гурӯҳи террористии Толибон дар шаҳри Кобул сурат гирифт, ки дар натиҷа Арсало Хуротӣ, муовини молиявӣ ва маъмурӣ Вазорат захмӣ шуд.

Қаблан, як таркиши дигар дар вилояти Қундуз рух дода буд. Як нафар дар назди “Кобул бонк” дар ин шаҳр худро тарконид. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии ДОИШ бар уҳда гирифт.

Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 11-уми феврал дар нишасти Шурои амнияти СММ гуфт, фаъолшавии гурӯҳи ДОИШ-и Хуросон дар Афғонистон тасодуфӣ нест.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.