Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Ҷамъоварии андоз зиёду қарзҳо кам. Кумитаи андоз боз чӣ гуфт?
Дар нишасти матбуотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати зиёд гардидани ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва бақияи қарзҳо аз андоз гуфта шуд.
Тибқи иттилои Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 иҷрои нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 108,4 фоиз таъмин гардид ва ба буҷети давлатӣ 20 миллиарду 426 миллион сомонӣ ворид шуд. Гуфта шуд, ки ин нишондиҳанда аз нақшаи пешбинишуда 1 миллиарду 575 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бинобар иттилои манбаъ, иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 108,2 фоиз, вилоятҳои Хатлон – 104,7 фоиз, вилояти Суғд – 104,9 фоиз, шаҳри Душанбе – 110,5 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 105,2 фоиз таъмин карда шуд.
Дар нишаст зикр гардид, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025 ҳаҷми умумии қарз аз пардохти андозҳои дохилӣ дар кишвар ба 740,2 млн сомонӣ баробар аст, ки дар муқоиса бо бақияи қарзҳои соли 2023 ба андозаи 65,4 млн сомонӣ кам мебошад.
Ба иттилои масъулин ҳоло ҶСК «Шабакаҳои тақсимот» - 177 млн сомонӣ, корхонаҳои зертобеъи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 81 млн сомонӣ, корхонаҳои зертобеъи Хоҷагии манзилию коммуналӣ – 18,6 млн сомонӣ, ҶСК «НБО Сангтӯда-1» - 26 млн сомонӣ, Кони «Фон-Яғноб» - 11 млн сомонӣ ва ҶСК «Ангишт» - 11 млн сомонӣ қарздорони калонтарин аз андоз маҳсуб мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”