27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
13.02.2025 17:05

Президенти Миср хост Ғазза бидуни овора кардани фаластиниҳо бозсозӣ шавад

Абдулфаттоҳ Сисӣ, президенти Миср рӯзи 11-уми феврал таъкид кард, ки бозсозии минтақаи Ғазза бидуни овора намудани мардуми Фаластин бояд сурат гирад.

Абдулфаттоҳ Сисӣ дар гуфтугӯ бо сарвазири Дания таъкид кард, ки  зарурати бозсозии минтақаи Ғазза бидуни кӯчи иҷборӣ ва овора намудани фаластиниҳо ба миён омадааст. Ӯ гуфт, ки бозсозии минтақа бояд ҳуқуқи мардуми Фаластин барои зиндагӣ дар ин минтақаро тазмин намояд.

Рӯзи гузашта низ Ҷумҳурии Миср бо нашри баёния таъкид кард, ки мухолифи кӯчи иҷбории мардуми Фаластин дар қиболи бозсозии минтақаи Ғазза аст. Президенти Миср ҳушдор дод, ки овора намудани мардуми Фаластин боиси афзоиши хушунатҳо хоҳад шуд ва аз ин рӯ, кишвараш аз лоиҳаи кӯчи иҷбории фаластиниҳо пуштибонӣ намекунад.

Чанде қабл, Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз лоиҳаи бозсозии минтақаи Ғазза ба баҳои кӯчондани сокинони он рӯнамоӣ кард. Трамп гуфт, ки бояд Урдун ва Миср оворагони фаластиниро бипазиранд ва барояшон замини сукунат бидиҳанд.

Доналд Трамп бо вуҷуди мухолифати кишварҳои араб ва созмонҳои ҷаҳонӣ ба амалӣ намудани лоиҳаи кӯчи иҷбории фаластиниҳо пофишорӣ дорад.

11-уми феврал Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун дар дидор бо Доналд Трамп масъалаи кӯчондани фаластиниҳо ва бозсозии минтақаи Ғаззаро баррасӣ кард. Дар нишасти матбуотӣ подшоҳи Урдун таъкид кард, ки кишвараш баъди пешниҳоди Миср оид ба ҳалли масъалаи Ғазза тасмим хоҳад гирифт.

Малик Абдуллоҳ дар Кохи Сафед гуфт, ки Урдун омодааст 2000 кӯдаки маҷруҳи фаластиниро барои табобат ва нигоҳубин дар Урдун бипазирад.

Дар пайи вокуниши манфии Урдун ва Миср дар робита ба кӯчонидани фаластиниҳо Доналд Трамп таҳдид кард, ки агар Миср ва Урдун ба пазириши оворагони фаластинӣ розӣ нашаванд, кумакҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин кишварҳо қатъ хоҳад шуд.

Бар асоси иттилои расонаҳо, Абдулфаттоҳ Сисӣ бояд ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои дидору гуфтугӯ бо Доналд Трамп сафар мекард. Аммо чанде қабл расонаҳои мисрӣ гузориш доданд, ки Абдулфаттоҳ Сисӣ сафараш ба Амрикоро лағв кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.