Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Нигина Амонқулова: “Ин қадар муҳаббатро нав дидам”
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони маҳбуби кишвар Нигина Амонқулова дар бораи муҳаббату самимияти ҳамватанон ва умуман ҳаводорони санъаташ гуфт.
Нигина Амонқулова дар яке аз маросимҳои ҷоизасупорӣ вобаста ба анҷоми соли гузашта пас иҷрои суруди “Марав” ба алоқамандони ҳунараш дар бобати ҳунарнамоияш дар қароргоҳи ЮНЕСКО, ки ба ифтихори таҷлили 817-умин солгарди бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуда буд, чунин паём дод: “Пас аз нашри навори баромадам, чунон саршори меҳру самимияти мардум шудам, ки ростӣ, тӯли 18 соле, ки дар рӯйи саҳна ҳастам, ин қадар раҳмату миннатдорӣ ва муҳаббатро нав дидам. Танҳо як гап мегӯям, ман бо садои мардуми азизи Тоҷикистон суруд мехонам”.
Ёдовар мешавем, ки Нигина Амонқулова дар қароргоҳи ЮНЕСКО шаҳри Парижи Фаронса зимни таҷлили 817-умин солгарди бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳамовозии оркестри симфонӣ ва хори академӣ чанд тарона аз ашъори ин мутафаккири форсу тоҷикро сароида буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр хуб қабул гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”