Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп мумкин аст, ки як қатор консулгариҳои Амрикоро бандад
Президенти ИМА Доналд Трамп бастани чанд консулгарии ИМА дар кишварҳои гуногунро баҳри коҳиши хароҷоти Департаменти давлатии Амрико баррасӣ мекунад. Дар ин хусус телеканали “NBC News” бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъҳо, консулгариҳои ИМА дар Аврупо, Канада, Мексика ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором дар байни муассисаҳое ҳастанд, ки эҳтимоли баста шуданашон бештар аст.
Гуфта мешавад, бахши асосии консулгариҳое, ки метавонанд баста шаванд, дар Олмон ва Фаронса ҷойгиранд.
Ҳамзамон, Департаменти давлатӣ аз консулгариҳо ҳисоботи пурра дар бораи фаъолияти онҳоро талаб кардааст.
Мақомоти расмӣ таъкид кардаанд, ки президент Трамп бо рӯйхати консулгариҳои эҳтимолан басташаванда ошно шудааст, вале дар ин маврид ҳанӯз қарори ниҳоӣ қабул нашудааст. Ҳамчунин, муҳлати басташавии онҳо низ муайян нагардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”