Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Суҳбати 90 дақиқагии Трамп ва Путин: Музокира барои поёни ҷанги Украина оғоз мешавад
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ва Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як тамоси телефонии 90 дақиқаина созиш намуданд, ки музокирот барои поён додан ба ҷанги Украинаро фавран оғоз кунанд.
Хабаргузории “Франс-Пресс” навиштааст, тамоси телефонии Путин ва Трамп 90 дақиқа тӯл кашид, ки он қадами устувор дар заминаи беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвар аст.
Пас аз суҳбати телефонӣ Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Трамп сотсиал” навишт, ки гуфтугӯ “созанда” буд: “Дар ин тамоси телефонӣ ду тараф созиш намуданд, барои ҳалли ихтилофҳои ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 бо якдигар дидор кунанд”.
Сухангӯи Владимир Путин низ зимни тасдиқи суҳбати телефонии Доналд Трамп ва Владимир Путин гуфт, ки ҳар ду тараф созиш намуданд, “замони ҳамкорӣ фаро” расидааст.
Доналд Трамп борҳо гуфтааст, ки ҷанги Украинаро дар кӯтоҳтарин фурсат ҳал хоҳад кард ва ин гуфтугӯ сароғозе барои ҳаллу фасли ин буҳрон аст.
Доналд Трамп қаблан, рӯзи 9-уми феврал гуфта буд, ки бо Владимир Путин оид ба ҷанги Украина суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар посухи иддаои Трамп сухангӯи Путин гуфта буд, ки наметавонад ин масъаларо тасдиқ ё рад кунад.
Доналд Трамп баъди суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин гуфт: “Мо талош мекунем, пеши роҳи марги миллионҳо инсоне, ки дар ҷанги Русия бо Украина кушта мешавандро, бигирем. Мо созиш кардем, ки ҳамкории бисёр наздике дошта бошем ва дар ин миён аз кишварҳои якдигар низ боздид кунем”.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”