Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия: Дар мавриди эътирофи расмии Толибон набояд шитоб кард
Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия мегӯяд, ки дар масъалаи эътирофи расмии ҳукумати ҳозираи Афғонистон пеш аз вақти муқаррарӣ набояд хулоса баровард. Ин Вазорат таъкид мекунад, ки аввал масъалаи аз рӯйхати террористӣ хориҷ намудани гурӯҳи террористии Толибон бояд ҳал шавад. Ҳалли ин масъала замони тӯлониро тақозо мекунад.
Андрей Руденко, муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар нишасте, ки ба муносибати Рӯзи дипломатия баргузор гардид, дар ин хусус гуфт: “Дар мавриди эътирофи расмии ҳукумати ҳозираи Толибон ва боло бурдани сатҳи намояндагии дипломатияи Афғонистон дар Маскав то ба сатҳи сафир, пеш аз ҳама, набояд шитоб кард. Аввал лозим аст, ки масъалаи хориҷ намудани Толибон аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ бояд ҳал шавад”.
Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия таъкид кард, ки 28 –уми декабри соли 2024 президенти Русия қонуни федералии №513-ФЗ-ро имзо кард, ки он ба баъзе санадҳои кишвар тағйирот ворид менамояд. Ин қонун имкони муваққатан боз доштани мамнуъияти гурӯҳҳои террористиро дар феҳристи миллии созмонҳои террористӣ, пешбинӣ мекунад.
Андрей Руденко гуфт, ки агар Додситони кулли Русия ё муовини ӯ дархост кунанд, мақоми террористии як созмон бо қарори Додгоҳи олӣ боз дошта мешавад. Дар сурате чунин қарор содир мешавад, ки далелҳои қатъии қатъ шудани фаъолиятҳои террористии созмон вуҷуд дошта бошад.
“Ин механизм аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба ҳаракати Толиблн низ дахл дорад. Раванд вақти муайянеро талаб мекунад” – гуфт Андрей Руденко.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”