Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ба омӯзгорони ӯзбек 50 дарсад музди меҳнати иловагӣ пардохт мекунанд
Аз 1-уми феврали соли ҷорӣ омӯзгорони забон ва адабиёти ӯзбекӣ дар Ӯзбекистон ҳар моҳ дар баробари музди меҳнати доимӣ, музди меҳнатӣ иловагӣ хоҳанд гирифт.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим ба хотири беҳтар намудани шароити корӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои Ӯзбекистон гирифта шудааст.
Музди меҳнати иловагӣ 50 фоизи музди меҳнати доимиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус, вазири маорифи томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон Ҳилола Умарова дар саҳифаи телеграми худ хабар додааст.
Қарори додани музди меҳнати иловагӣ ба омӯзгорони забон ва адабиёти ӯзбек тибқи фармони президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи барномаи давлатии амалӣ намудани стратегияи Ӯзбекистон-2030” сурат мегирад.
Вазорати маорифи томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон шарти гирифтани музди меҳнати иловагиро эълон кардааст. Тибқи шарти пешниҳодшуда омӯзгороне ҳуқуқи гирифтани музди меҳнати иловагиро доранд, ки курси сертификати забон ва адабиёти ӯзбекро дар доираи системаи баҳодиҳии донишу малакаҳо гузашта бошанд. Сертификати зикршуда тасдиқ мекунад, ки омӯзгорон ба дараҷаи баланди ихтисос ва мувофиқати он бо меъёрҳои муосири таълимӣ расидаанд.
Пардохт намудани музди меҳнати иловагӣ барои баланд бардоштани эҳтирому обруи омӯзгор ва забону адабиёти ӯзбек, инчунин, ба таҳким бахшидани рушди касбияти омӯзгорон равона шудааст.
Ин тасмим ба сифати таълими забон ва адабиёти ӯзбекӣ дар мактабҳои Ӯзбекистон таъсири мусбат мерасонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”