Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон гуфтанд: “Ҳар касе Ҳофиз мехонад гумроҳ аст”
Неруҳои амр бар маъруфи гурӯҳи террористии Толибон дар минтақаи Дашти Барчии Кобул як донишҷӯро ба хотири дар даст доштани девони Ҳофизи Шерозӣ шаппотӣ зада, гуфтаанд, ки касе Ҳофиз мехонад гумроҳ аст.
Ин донишҷӯ, ки номи мустаораш Асадуллоҳ аст, мегӯяд: “Як узви Толибон маро бо шаппотӣ зада ва гуфт, ки ҳар касе Ҳофиз мехонад гумроҳ аст, ишқбозӣ ва фоҳишагариро ёд мегирад”.
Сиёсати сахтгиронаи Толибон дар баробари бархе китобҳо сиёсати нав нест. Толибон қаблан низ фармони манъи фурӯши бисёре аз китобҳои дохиливу хориҷиро содир карданд. Онҳо қисмати зиёди китобҳоро барои манфиатҳои миллӣ зиёнбор дониста, аз китобфурӯшиҳо ҷамъоварӣ намуданд.
Рӯйхати китобҳои мамнуъшуда дар бозори китобфурӯшии Афғонистон, ки Толибон тартиб додаанд, дар расонаҳо нашр шуд. Бархе аз ин китобҳо дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд ҳастанд. Ҳамчунин, бархе китобҳои нависандагони аврупоӣ ва арабро низ мамнуъ кардаанд. Исми чанд романи Наҷиб Маҳфуз нависандаи маъруфи араб низ дар ин рӯйхат зикр шудааст.
Сиёсати бастану мамнуъ кардани гурӯҳи террористии Толибон хашми ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овардааст. Кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ борҳо аз сиёсати сахтгиронаи фарҳангӣ, бахусус сиёсати саркубгарона нисбат ба занони Афғонистонро маҳкум кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”