27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
12.02.2025 12:34

Дар соли 2024 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 8,9 миллиард доллар расид

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба 8,9 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расид, ки нисбат ба соли гузашта 572,7 миллион доллар бештар мебошад. Дар ин хусус, дар нишасти матбуотӣ Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Раиси Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода таъкид кард, ки ҳаҷми воридот аз 6,977 миллиард доллар гузашт. Ин дар ҳолест, ки содирот 1,923 миллиард долларро ташкил додааст.

Самтҳои асосии содироти Тоҷикистон дар соли 2024 ба кишварҳои Чин, Нидерландия, Туркия, Эрон, Афғонистон ва Покистон будааст.

Таъкид шуд, ки дар сохтори содирот чунин маҳсулот афзалият доштанд: маъдан ва консертратрҳо – 24, 3%, алюминийи хом – 9, 5%, нахи пахта -8,8% неруи барқ- 4,7% ва меваю сабзаҷот -2, 5%.

Бар асоси ҳибосоти Хадамоти гумрук маҳсулоти асосии воридотӣ ба Тоҷикистон дар соли 2024 инҳо буданд: маҳсулоти нафтӣ - 829 миллион доллар, автомобилҳои сабукрав – 521 миллион доллар, гандум – 274 миллион доллар, гази моеъ - 251 миллион доллар, чӯб - 207 миллион доллар ва телфонҳои мобилӣ - 157 миллион доллар.

Қисми зиёди маҳсулоти воридотии Тоҷикистонро шакар, орд, гӯшти мурғ, равғани растанӣ, глинозем ва нуриҳои менералӣ ташкил додаанд.

Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки сабаби асосии афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон содироту воридот ва инчунин, густариши савдои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.