27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
12.02.2025 08:22

“Гули дастат” – аввалин суруди рақсии Зулайхо пас аз ҳоҷибибӣ шуданаш

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони саршиноси тоҷик таронаи навашро бо номи “Гули дастат” дар саҳифаи расмии Ютубаш нашр кард. Суруди мазкурро дар 20 соати аввали нашраш зиёда аз 110 ҳазор нафар бозбинӣ карданд.

Нашри таронаи “Гули дастат” барои ҳаводорони Зулайхо Маҳмадшоева бисёр ногаҳонӣ буд, зеро аксар ба фикре буданд, ки сароянда пас аз зиёрати хонаи Худо дигар чунин сурудҳои рақсӣ намехонад.

Илова бар ин, овозхон як пораи суруди навашро дар жанри рэп мехонад, ки албатта, ин ҳам ногаҳонӣ ва сюрприз аст.

Ин сарояндаи тоҷик моҳе қабл аввалин таронаашро пас аз ҳоҷибибӣ шуданаш бо номи “Кори дунё” нашр карда буд, ки аз ҷониби мухлисонаш хеле хуб истиқбол шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Зулайхо Маҳмадшоева моҳи сентябри соли гузашта ба зиёрати хонаи Худо рафта буд ва аз он вақт то инҷониб имиҷи либоспӯшиашро иваз карда, дар чорабиниҳо низ кам ба чашм мерасад. 

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.