Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Ба зиёда аз 2 миллиард доллар расидани тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия
Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Русия дар муқоиса ба соли 2023 6% афзоиш ёфтааст. Ин нуктаро сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев дар суҳбат бо хабарнигори расонаи русии “ТАСС” иброз намудааст. Ба гуфти ӯ мақомоти ду кишвар дар оянда, яъне то соли 2030 ба нақша гирифтаанд, ки ин нишондиҳандаро боз 2,5 маротиба зиёд кунанд.
Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев таъкид кардааст, ки Тоҷикистон яке аз муҳимтарин шарикони иқтисодӣ-тиҷоратии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар содироту воридоти Русия нақши муҳим дорад.
Семён Григорев афзуда, ки барномаи рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистикаро дар бар мегирад. Ӯ илова намудааст, ки аз ҷониби Русия ҳамчунин, ба рушди бахши сӯзишворию энергетика ва иқтисодиёти рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар охири суҳбаташ бо хабарнигор хотирнишон шудааст, ки шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия барои рушди устувори тиҷорати дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муҳимми стратегӣ аҳамияти хоса дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад