Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Роҳи ҳалқавии Кӯлоб” сохта мешавад. 30 миллион доллар қарзи имтиёзноки Фонди Саудии Рушд
Тавре Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад, субҳи имрӯз ҳайати баландпояи Фонди Саудии Рушд бо роҳбарии Муҳаммад Ал-Масъуд бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд. Ҳадафи сафари мазкур баррасии раванди ҳамкорӣ ва тақдими қарзи имтиёзнок аз ҷониби Фонди Саудии Рушди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони “Роҳи ҳалқавии Кӯлоб” гуфта мешавад.
“Роҳи ҳалқавии Кӯлоб” 14,5 километр дарозӣ дорад, ки мувофиқи нақша бояд дар асоси стандарти байналмилалии сохтмони роҳ сохта шавад. Роҳи мазкур дар шоҳроҳи байналмилалии Тоҷикистон - Ҷумҳурии халқии Чин ҷойгир аст ва бинобар ин, дар рушди логистикаи минтақавӣ нақши муассирро иҷро карда, дар ин масир ҳаракати нақлиётро беҳтар менамояд.
Дар доираи лоиҳа сохтмони ду шоҳроҳ, ду пул, истгоҳи боркашии нақлиёти вазнин ва техникаи роҳсозӣ дар назар аст.
Бояд гуфт, Фонди Саудии Рушд дар Тоҷикистон то имрӯз лоиҳаҳои бузургеро ба маблағи умумии 325 миллион доллар амалӣ намудааст ва роҳандозии тарҳи сохтмони “Роҳи ҳалқавии Кӯлоб” 14-ум лоиҳаи бузурги ин кишвар ба ҳисоб меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”