Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сафири Чин мегӯяд, ки ба боз шудани даҳлези Вахон мухолифате надорад
Сафири Ҷумҳурии халқии Чин дар Афғонистон Ҷао Шэн рӯзи душанбе дар мулоқот бо мақомоти олии гурӯҳи террористии Толибон гуфтааст, ки агар нигарониҳои амниятӣ набошад, ба кушодашавии Даҳлези Вахон мухолифате надорад.
Толибон рӯзи душанбе, 10-уми феврал хабар доданд, ки Абдулвосеъ, раиси дафтари роҳбари Толибон зимни мулоқот бо сафири Чин Ҷао Шэн масъалаи кушодашавии роҳи Вахонро баррасӣ кардааст.
“Чин дар мавриди кушодани роҳи Вахон мушкиле надорад ва дар сурати ҳал шудани нигарониҳои амниятии асосӣ, пешрафтҳои бештар дар бахшҳои гуногун ба миён хоҳад омад” – зикр намудааст Ҷао Шэн.
Намояндаи гурӯҳи террористии Толибон Абдулвосеъ иддао кардааст, ки амният дар Афғонистон таъмин аст ва Чин набояд дар ин хусус нигаронӣ дошта бошад.
Қаблан, “Вашингтон пост” гузориш дод, ки сохтмони роҳи Вахон аз ҳафт моҳ ба ин сӯ қатъ шудааст. Сохтмони ин роҳро гурӯҳи террористии Толибон оғоз карда буданд.
Дар соли гузашта расонаҳои чинӣ навишта буданд, ки бо сабаби таҳдидҳои амниятӣ Чин аз роҳи Вахон манфиате намебинад. Ҳузури гурӯҳҳои террористӣ, бахусус гурӯҳи ҷудоиталаби уйғурҳо дар сафи Толибон барои Чин нигарониҳои амниятиро эҷод мекунад.
Роҳи Вахон, ки бештар бо номи “Даҳлези Вахон” маъруф аст, Афғонистонро ба Чин хоҳад пайваст. Боз шудани ин роҳ имкон медиҳад, ки Афғонистон мустақиман ба бозорҳои Чин дастрасӣ пайдо кунад. Ҳамчунин, масофаи ин роҳ хеле кӯтоҳ буда, харҷи ҳамлу нақли борҳоро коҳиш хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”