Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп: “Ғаззаро мехарам ва фаластиниҳоро ихроҷ мекунам”
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи душанбе дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки мехоҳад минтақаи Ғаззаро бихарад. Ӯ таъкид кардааст, ки баъди харидани қисматҳое аз минтақаи Ғазза кишварҳои Ховари Миёна онро бозсозӣ хоҳанд кард.
Рейтерз навишт, ки Доналд Трамп гуфтааст: “Ғаззаро ба як макони олӣ барои рушд дар оянда” табдил хоҳад дод.
Доналд Трамп гуфта, бо Муҳаммад бин Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ ва Абдулфаттоҳ Сисӣ, президенти Ҷумҳурии Миср гуфтугӯ хоҳад кард ва онҳо оворагони фаластиниро хоҳанд пазируфт.
“Аз фаластиниҳо муроқибат ва итминон ҳосил мекунам, ки кушта нашаванд” – афзуд Доналд Трамп.
Ӯ вайрониҳои бавуҷудомада дар натиҷаи бомбаборони Исроилро мисол оварда, аз Миср ва Урдун хост, ки ба оворагони фаластинӣ барои зиндагӣ ҷо бидиҳанд.
Тайи як ҳафтаи ахир бори чандум аст, ки Доналд Трамп аз ихроҷи мардуми Фаластин аз минтақаи Ғазза сухан мегӯяд ва ҳамеша аз сӯйи кишварҳои арабӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шадидан рад ва интиқод мешавад.
Арабистони Саудӣ, Исроил, Миср, Туркия ва Эрон мухолифати шадиди худро ба тарҳи Трамп оид ба кӯчонидани мардуми Фаластин баён кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”