27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
11.02.2025 10:04

Дар соли гузашта 115 муассисаи тиббии нав сохта шуданд

Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар соли 2024 дар Тоҷикистон 115 муассисаи тиббии нав, аз ҷумла 97 объект барои ёрии тиббии аввалия, 9 бемористон ва 9 клиникаи хусусӣ сохта ва ба истифода дода шуд.

Вазири тандурустӣ гуфт, ки ҳаҷми сармоягузорӣ дар ин лоиҳаҳо 467, 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Таъкид шуд, корҳои сохтмонӣ дар 112 объект, аз ҷумла 71 муассиса барои ёрии тиббии аввалия, 33 бемористон ва 8 маркази тиббии хусусӣ идома дорад. Ҳамчунин, таъмири 366 муассисаи тандурустӣ бо маблағи 63,7 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст ва дар 80 объекти дигар корҳои таъмиркунӣ идома дорад.

Ба объектҳои муҳимми тиббие, ки дар соли 2024 ифтитоҳ шуданд, метавон ба маркази тиббии бисёрфунксионалӣ дар ноҳияи Данғара, бемористонҳои марказӣ дар ноҳияи Ховалинг, Норак, шуъбаи таваллуд дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ, инчунин, марказҳои хусусии “Микролаб” ва “Клиника 1+1” дар Хуҷанд ишора кард.

Вазири тандурустии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ба суол оид ба қатъи маблағгузориҳои ташкилоти кумаккунандаи амрикоӣ ЮСАИД (USAID) ишора намуда, афзуд, ки вазорат барои анҷоми лоиҳаҳо сармоягузорони нав меҷӯяд ва ҳатман маблағгузор пайдо хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.