27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
11.02.2025 09:43

Арабистони Саудӣ изҳороти Бенямин Натанёҳуро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ суханони Бенямин Натанёҳу дар робита ба кӯчонидани фаластиниҳо ба Арабистони Саудиро шадидан маҳкум кард.

Ин Вазорати Арабистони Саудӣ дар баёнияи худ гуфтааст, ки Исроил намедонад сарзамини “бародарони фаластинӣ” барои Арабистони Саудӣ чӣ маъное дорад.

Вазорати корҳои хориҷии Арабистон таъкид карда, ки изҳороти Бенямин Натанёҳу дар робита ба кӯчонидани мардуми Фаластинро “қотеъона” рад мекунад.

Ин Вазорат гуфтааст, мардуми Фаластин ба сарзамини худ ҳақ доранд ва онҳо муҳоҷир нестанд, ки режими Исроил ҳар замоне, ки бихоҳад, онҳоро ихроҷ кунад.

Арабистони Саудӣ таъкид кардааст, ки тӯли 75 сол инҷониб Исроил нисбат ба мардуми Фаластин “беадолатӣ” мекунад.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта сарвазири Исроил Бенямин Натанёҳу гуфт, ки Арабистони Саудӣ барои эҷоди як кишвари мустақил барои фаластиниҳо замини кофӣ дорад.

“Саудиҳо метавонанд як давлати фаластиниро дар Арабистон эҷод кунанд, зеро онҳо заминҳои зиёде доранд” – гуфт Бенямин Натанёҳу.

Баҳси Арабистони Саудӣ бо Бенямин Натанёҳу дар ҳолест, чанде қабл Доналд Трамп пешниҳод карда буд, ки мардуми Фаластин ба дигар минтақаҳо кӯчонида шаванд. Вай исрор карда буд, ки барои мардуми Фаластин дар дигар минтақаи зебо ва амн баҳри зиндагӣ хонаҳои беҳтаре хоҳанд сохт.

Бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мухолифати худро ба кӯчонидани мардуми Фаластин изҳор доштанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.