27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
10.02.2025 14:36

Дар минтақаҳои Тоҷикистон фестивали “Сад ранги чакан” гузаронида мешавад

Дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ дар арафаи Рӯзи модар фестивали “Сад ранги чакан” баргузор мегардад.

Фестивали мазкур бар асоси “Ҷадвали ҷашнҳо ва солгардҳо, фестивалҳо ва намоишгоҳҳо, идҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2025”, ки бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, баргузор мешавад.

Тибқи иттилои масъулон ҳадафи баргузории чорабинии “Сад ранги чакан” тарғиби либоси миллӣ, баланд бардоштани нақши гулдӯзии сӯзанӣ ва нақшҳои гулдӯзӣ дар матоъҳои миллӣ, намоиши маҳорати баланди тарроҳони кишвар, дӯзандагони чакан, гулдӯзон ва ҳунармандон мебошад.

Фестивали мазкур дар се марҳила дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон баргузор мегардад. Маҳилаи аввали фестивал аз 14-уми март то 10-уми апрел дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор мешавад. Маҳилаи дуюми он то 25 –уми апрел дар сатҳи вилояту шаҳрҳои ҷумҳурӣ доир мегардад.

Дар ниҳоят, марҳилаи ниҳоии фестивал бо ширкати беҳтарин ҳунармандон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2024 аз 12 то 18-уми апрел бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фестивали “Сад ранги чакан” дар майдони “800 – солагии Москава” –и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан ва дигар навъи маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ баргузор гардида буд. Дар ин намоишгоҳ ҳунармадон аз тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда буданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.