27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангиро аз нав ба ҳисоб мегиранд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди аз нав баҳисобгирии ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ оғоз гардид. Дар ин бора Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Масъулони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии кишвар гуфтаанд, ки иқдоми мазкур дар доираи барномаи ҳифз ва тарғиби мероси таърихии кишвар анҷом дода мешавад.
Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки мақсади асоси онҳо амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ, каталогсозӣ, барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ мебошад.
Ба таъкиди масъулони Агентӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти агентии номбурда ҳамчунин, тарғиби санаҳои муҳимми таърихӣ ва шахсиятҳои бузургест, ки дар таърихи Тоҷикистон нақш иҷро кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки реестри ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон охирин маротиба дар соли 2018 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд, ки тартиби ҳифзи реестрҳоро мушаххас менамояд.
Бар асоси қонунгузории кишвар ин реестр бояд ҳар панҷ сол як маротиба азнавбаҳисобгирӣ шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”