27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
10.02.2025 12:35

Трамп гуфт бо Путин ҷанги Украинаро хотима медиҳанд

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп бегоҳии рӯзи якшанбе, 9-уми феврал гуфт, интизори дидори рӯ ба рӯ бо Владимир Путин аст, то масъалаи ҷанги Украинаро ҳал кунад.

“Путин гуфт, ки мехоҳад дар вақти лозимӣ бо ман дидор кунад. Ба ҳамин далел, мо интизори он хоҳем буд ва бояд ба ин ҷанг поён диҳем” – гуфт Доналд Трамп.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо “ҳавлнок” хондани ҷанги Украина афзуд, ки агар ба ҷойи Ҷо Байден президенти Амрико мебуд, ҷанг асосан рух намедод.

Доналд Трамп дар ҳамоише дар штати Аризонаи Амрико зимни суханронӣ ба авлавиятҳои давраи дуюми президентиаш ишора карда, гуфт, ки бо амалӣ намудани барномаҳо “давраи тиллоӣ” –и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаро хоҳад расид.

“Ба ҷанг дар Украина поён хоҳем дод ва ошӯб дар Ховари Миёнаро қатъ хоҳем кард ва пеши роҳи ҷанги сеюми ҷаҳонро хоҳем гирифт. Ин мавридҳоро қавл медиҳам” – гуфт Доналд Трамп.

Чанде қабл, Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия низ гуфт, ки омодаи дидор ва гуфтугӯ бо Доналд Трамп аст. Владимир Путин гуфт, ки дар сурати анҷом ёфтани дидор ҳарфҳои зиёде барои гуфтугӯ хоҳанд дошт.

“Барои ин дар ҳар замон омодаам ва агар бихоҳад омодаи барпо намудани ин нишаст ҳастам” – зикр кард Владимир Путин. Президенти Федератсияи Русия дар идома таъкид кард, ки “Намедонем, чӣ замоне дидор хоҳем кард, зеро Доналд Трамп ҳеч чизе дар ин хусус намегӯяд ва ман аз 4 сол қабл абадан бо ӯ суҳбате надоштам. Ман омодаи ин дидор дар ҳар замоне ҳастам”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.