27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:47, Душанбе
10.02.2025 12:05

“СИГОР”: Қисмати зиёди кумакҳои Амрико ба дасти Толибон расидааст

Як ниҳоди бозрасии хоси молиявии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки қисмати зиёди кумакҳои молии ин кишвар ба Афғонистон ба дасти гурӯҳи террористии Толибон расидааст. Сигор – бозрасии хоси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба бозсозии Афғонистон дар гузориши худ таъкид кардааст, ки пули андоздиҳандагони Амрико ба дасти гурӯҳи террористии Толибон расидааст.

Ҷон Сопко, бозраси вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар суҳбат бо телевизиони “Фокс-нюз” таъкид кард, ки “Бахши бузурге аз пулҳои молиётдиҳандагони амрикоӣ, ки ба ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон фиристода шудааст, ба дасти Толибон афтодааст”.

Сигор зимни нашри гузорише дар соли гузашта хабар дода буд, ки Вазорати корҳои хориҷии Амрико пас аз хуруҷ аз Афғонистон ба ин кишвар 239 миллион доллар фиристодааст.

“Ду дафтар аз панҷ дафтари Вазорати корҳои хориҷа, ки дар соли 2022 ин пулҳоро барои муассисаҳои ғайридавлатӣ дар Афғонистон ирсол мекарданд, натавонистанд ба дурустӣ чигунагии харҷ шудани ин пулҳоро баррасӣ кунанд” – зикр мешавад, дар гузориши Сигор.

Доналд Трамп дар оғози президентиаш кумакҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Афғонистонро қатъ кард. Ӯ ниҳодҳои хориҷии кумакунандаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар хориҷи кишварро фасодзада хонда, барои муддати номуайян ҳама гуна кумакҳои хориҷиро манъ кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.