Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Телеграф: “Генералҳои Сипоҳ хостори тағйири фатвои Хоманаӣ оиди сохтани бомбаи атомӣ шудаанд”
Генералҳои Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз роҳбари ин кишвар Алии Хоманаӣ хостаанд, ки фатвои худ дар мавриди ҳаром будани сохтани силоҳи атомӣ, силоҳи химиявӣ ва силоҳи бактериологиро тағйир диҳад. Дар ин хусус, рӯзномаи “Телеграф”, чопи Британияи Кабир хабар додааст.
Ин дархости генералҳои Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳафтаи гушта Доналд Трамп фишорҳои сахтгиронаро бар зидди Эрон ҷорӣ кард. Бар асоси дастури Доналд Трамп фурӯши нафти Эрон бояд ба сифр расонида шавад. Доналд Трамп, президенти ИМА гуфтааст, ки хоҳони музокира бо Эрон аст.
Яке аз манбаъҳо аз дохили неруҳои Сипоҳи посдорон ба “Телеграф” гуфтааст: “Мо ҳаргиз ин қадр осебпазир набудаем ва мумкин аст ин охирин фурсати мо бошад, қабл аз ин ки хеле дер шавад, яке аз инҳоро ба даст оварем” – навиштааст рӯзномаи “Телеграф”.
Дирӯз, раҳбари Инқилоби исломии Эрон Алии Хоманаӣ дар суханронии худ гуфт, ки музокира бо Амрико оқилона, ҳушмандона ва шарофатмандона нест. Ӯ дар ин робита ба фишорҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки музокира бо ин кишвар мушкилоти Эронро ҳал нахоҳад кард.
Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманаӣ фатвои кабиреро дар таърихи 12-уми декабри соли 2010 содир карда буд, ки бар асоси он сохтани силоҳҳои куштори ҷамъӣ ҳаром карда шуд.
Дар фатвои Алии Хоманаӣ омадааст: “Ба эътиқоди мо, афзудан ба силоҳи атомӣ, дигар навъҳои силоҳҳои куштори ҷамъӣ, назири силоҳи химиявӣ ва бактериологӣ низ таҳдиди ҷиддӣ алайҳи башарият аст. Мо корбурди ин силоҳҳоро ҳаром ва талош барои масуният бахшидани абнои башар аз ин балои бузургро вазифаи ҳамагонӣ медонем”- таъкид шудааст дар фатвои Алии Хоманаӣ.
Бархе расонаҳои дохили Эрон навиштаанд, ки генералҳои Сипоҳи посдорон аз роҳбари Инқилоби Исломии Эрон хостаанд, ки фатвои ҳаром будани сохтани силоҳи атомиро тағйир диҳад. Онҳо гуфтаанд, ки барои эҷоди қудрати боздорандагӣ Эрон бояд силоҳи атомӣ бисозад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”