Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нигаронии сафири рус аз густариши терроризм дар Афғонистон ва Покистон
Сафири Федератсияи Русия дар Покистон мегӯяд, ки Маскав аз густариши рӯзафзуни фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Покистон ва Афғонистон нигарон аст. Ӯ меафзояд, ки кишвараш дар бахши мубориза бо терроризм ба тақвияти ҳамкориҳои Исломобод ва Кобул кумак хоҳад кард.
Алберт Хорев, сафири Русия дар Исломобод дар суҳбат бо расонаи “ТАСС” гуфт, ки Маскав аз талошҳои Покистон дар бахши мубориза бо терроризм дар дохили ин кишвар ҳимоят мекунад.
“Мо бо нигарониҳои Исломобод дар мавриди афзоиши фаъолиятҳои террористӣ дар Покистон шарик ҳастем. Русия аз талошҳои шарикони покистонии худ дар кори мубориза бо терроризм ҳимоят мекунад ва мо таъкид мекунем, ки таваҷҷуҳ рӯйи тақвияти ҳамкориҳои созанда бо Покистону Афғонистон аст” – афзуд Алберт Хорев.
Сафири Русия таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва мубориза бар таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишварро ба наъфи Исломобод ва Маскав хонд.
“Мо ба корҳои илмӣ таваҷҷуҳи зиёде дорем: дар октябри соли 2024 неруҳои низомии ду кишвар дар ҷараёни ҳафтумин даври тамриноти низомии муштараки Русия ва Покистон таҳдидҳои мухталифро маштаракан рафъ кардаанд” – мегӯяд Алберт Хорев.
Сафири Русия дар Покистон таъкид кардааст, ки Маскав дар бахши талошҳои мубориза бо терроризм дар канори Афғонистони таҳти назорати гурӯҳи террористи Толибон қарор дорад ва кумакҳои лозимро ба Русия фароҳам мекунад.
Сафири Русия дар Покистон аз чигунагии шеваи кумаки кишвараш ба Покистон ва Толибон барои мубориза бо терроризм ҷузъиёт надодааст.
Ин таъкиди сафири Русия дар ҳолест, ки мақомоти покистонӣ ҳамвора иддао кардаанд, пас аз ҳокимияти нави Толибон дар Афғонистон, тундравони марбут ба Таҳрики Толибони Покистон ҳамлаҳои худро аз паноҳгоҳҳои амнашон дар Афғонистон зиёд кардаанд.
Ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон ҳамвора иддаои мақомоти покистонӣ вобаста ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро рад кардааст. Онҳо ба мақомоти покистонӣ гуфтаанд, ки набояд бори масъулияти нокомиҳои амниятии худро бар дӯши Афғонистон бияндозанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”