Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Карим Оқохон дар Миср ба хок супорида шуд
Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони чорум, 49-ум имоми шиаёни исмоилии ҷаҳон рӯзи якшанбе, 9-уми феврал дар шаҳри Асвони Ҷумҳурии Миср ба хок супорида шуд.
Дар маросими бахоксупории Карим Оқохони чорум, Раҳим Оқохони панҷум, аъзои хонавода ва шуморе аз роҳбарони ҷомеаи исмоилӣ ҳузур доштанд.
Тобути шоҳзода Карим Оқохони чорум дар гузаргоҳи ташрифотӣ дар минтақаи хусусӣ интиқол дода шуд. Дар ин минтақа вилои Нуралсалом ва мақбараи Оқохони сеюм воқеъ мебошад.
Мақомоти полиси Асвон дар Ҷумҳурии Миср заминаи баргузории маросими бахоксупориро фароҳам кардаанд.
Ҷасади Карим Оқохони чорум дар мақбараи воқеъ дар теппаи машҳур ба Нил ба хок супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар асрҳои X ва XI Миср маркази хилофати Фотимиён буд, ки ба воситаи Исмолиён идора мешуд. Дар асрҳои зикршуда халифаҳои фотимӣ шаҳрҳои Қоҳира - пойтахти Мисрро таъсис доданд.
Асвон охирин оромгоҳи Волоҳазрат Султон Маҳмуд Шоҳ Оқохони сеюм ва ҳамсараш Мата Саломат мебошад. Онҳо, ҳар ду бо мардуми Асвон робитаҳои наздик доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”