Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин вазъияти Курскро бисёр печида тавсиф кард
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия шаби гузашта дар ҷараёни нишасте бо Александр Хинштейн, фармондори муваққати минтақаи Курск эълом кард, ки вазъият дар ин минтақа бисёр печида шуда ва мардум бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ ҳастанд. Вай гуфт: “Дақиқан ду моҳ аз дидори қаблии мо мегузарад ва ман ба шумо маъмурият дода будам, ки корҳоро дар минтақаи Курск созмондиҳӣ кунед. Вазъият дар он ҷо ҳамчунон бисёр печида аст”.
Путин ҳамчунин, ёдовар шуд, ки қаблан низ аз фармондор хоста буд, то ба иртибот бо мардум таваҷҷуҳи вижае дошта бошад ва аз нигарониҳои онҳо муталеъ шавад. Вай таъкид кард: “Мушкилот воқеан зиёд аст”.
Илова ба ин, дар ҷараёни ин дидор, президенти Русия гуфт, ки ба давлат дастур хоҳад дод, то ҳамроҳ бо мақомоти минтақаи Курск барномае барои бозсозии ноҳияҳои осебдидаи марз тадвин кунад. Путин ҳамчунин, маблағи 150 ҳазор рублие, ки ба сокинони ин минтақа барои ҷуброни хисорот пардохт шуда буд, нокофӣ донист ва ваъда дод, ки дар ин замина тасмимҳои дуруст гирифта мешавад.
Вай афзуд, ки давлати Русия дастур хоҳад дод, то дар рӯзҳои оянда ин масъала ва дигар масоили марбутро баррасӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”