Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кит Келлог 20-уми феврал ба Киев сафар хоҳад кард
Як шабакаи телевизионии украинӣ бо истинод ба мақоми огоҳ дар дафтари президенти ин кишвар шаби рӯзи чоршанбе гузориш дода, ки Кит Келлог, намояндаи вижаи президенти Амрико - Доналд Трамп дар умури ҳаллу фасли буҳрони Украина дар таърихи 20-уми феврал ба Киев сафар хоҳад кард.
Дар гузориши ин шабака чунин омадааст: “Сафари намояндаи вижаи президенти Амрико дар умури Украина ба Киев барои 20-уми феврал барномарезӣ шудааст. Ин таърих аз сӯйи мақомоти амрикоӣ пешниҳод гардидааст.”
Пеш аз ин, Келлог дар охирҳои январ эълон карда буд, ки Доналд Трамп қасд дорад абзорҳои лозим барои музокирот миёни Маскав ва Киевро фароҳам кунад. Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли баррасии шеваҳои фишор на танҳо ба Русия, балки ба Украина аст. Келлог ҳамчунин, таъкид карда буд, ки ин иқдомҳо ба президенти Амрико имкон хоҳад дод, то аз абзорҳои фишоре, ки барои поён додан ба даргирӣ тарроҳӣ шудаанд, истифода кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”