27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
08.02.2025 10:32

“Гугуш, як содаи гунаҳкор”. Устураи мусиқии Эрон китоби хотироташро нашр мекунад

Устураи мусиқии эронзамин Гугуш хабар дод, ки дар соли 2025 китоби хотироташро нашр хоҳад кард. Ӯ эълон кард, ки дар соли 2025 китоби “Гугуш, як содаи гунаҳкор” ба забонҳои англисӣ ва форсӣ нашр хоҳад шуд.

Фоиқа Оташин, ки бо номи ҳунарии Гугуш шинохта шудааст, дар саҳифаи иҷтимоии худ навишт, бо ҳимояти дӯсташ – Партав Деҳлавӣ ва духтари ӯ – Торо Деҳлавӣ аз 10 сол қабл навиштани китоби хотироташро оғоз кард ва он “ба зудӣ нашр хоҳад шуд”.

Гугуш гуфтааст, ки манти форсии он аз сӯйи рӯзноманигори шинохта Ҳумо Саршор анҷом шудааст ва қарор аст ҳамзамон бо нусхаи англисии он якҷо нашр шавад.

Дар пайи эълони нашри китоби хотироти Гугуш, сомонаи “Голери букз” дар робита ба чопи ин китоб чунин навишт: “Барои бори аввал яке аз бузургтарин ситораҳои попи қарни бустум достони шигифтангези худро таъриф мекунад. Ба шуҳрат расидани ӯ дар Эрон қабл аз инқилоб, дастгирӣ ва зиндон, таъбиди 20 солааш ва дар ниҳоят бозгашти пирӯзмандонааш ба саҳнаи ҷаҳонӣ” - дар китоб шарҳ хоҳад ёфт.

Гугуш бо нашри ёддоште чунин таъкид кард: “Барои нахустин бор сафари зиндагиамро ба таври комил ба иштирок хоҳам гузошт. Ормонҳоям, боварҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва аз ҳама муҳимтар руҳи ҳунариам, бесаброна мунтазирам, ки шуморо ба дунёи худам даъват кунам. Мунтазир бошед”.

Устураи попи Эрон Гугуш соли гузашта охирин консерти худро дар шаҳрҳои Аврупо иҷро кард ва таъкид намуд, ки пас аз консерти охирин бознишаста хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.