27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
08.02.2025 08:13

Русия як донишҷӯи хориҷиро 9 сол ҳабс кард. Ӯ мехоста ба террористони Афғонистон пайвандад

Русия як донишҷӯи хориҷиро барои қасди пайвастан ба гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон зиндонӣ кард.

Додгоҳи шаҳри Иркутски Федератсияи Русия як донишҷӯи 20–солаи хориҷиро ба гумони таъмини молӣ ва барномарезӣ барои пайвастан ба гурӯҳи террористӣ дар хоки Афғонистон ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти тафтишотии Русия гуфтаанд, ки шоҳид ва далелҳо нишон медиҳанд, донишҷӯ дар моҳи марти соли 2024 аз як созмони террористӣ паём дарёфт карда, то ба Афғонистон сафар кунад.

Бар асоси тафтишоти мақомоти интизомии Русия, донишҷӯи хориҷӣ пас аз дарёфти паём, чиптаи ҳавопаймо барои парвоз ба Афғонистонро харид, то ба террористҳо бипайвандад, вале шиносоӣ ва боздошт шуд.

Мақомоти тафтишотии Федератсияи Русия ҳувияти донишҷӯ ва созмони террористиро зикр накардаанд.

Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия рӯзи ҷумъа ба нақл аз мақомоти тафтишотии ин кишвар хабар дод, ки донишҷӯ пеш аз парвоз ба Афғонистон маблағеро ба як созмони террористии байналмилалӣ фиристодааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳи шаҳри Иркутск донишҷӯ пас аз гузаронидани муҳлати 9 –солаи зиндон аз Русия ихроҷ хоҳад шуд. Ҳамчунин, вуруди ӯ ба Федератсияи Русия барои ҳамеша мамнуъ хоҳад шуд.

Як додгоҳи Федератсияи Русия чанд моҳ қабл “Панҷ ҳаводори Толибон” – ро ба гумони барномарезӣ барои ҳамлаи террористӣ дар Екетеренбург ба 16 то 25 соли зиндон маҳкум намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.