Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тиҷорат миёни Тошканд ва Кобул ба беш аз 1 миллиард доллар расид
Дар шаҳри Кобул бо ташаббуси сафорати Ӯзбекистон нишасти илмӣ-фарҳангӣ доир ба зиндагӣ ва фаъолияти ду чеҳраи адабии ӯзбек – Алишер Навоӣ ва Зуҳуриддин Бобур баргузор гашт.
Дар ин нишаст Ойбек Усмонов, сафири Ӯзбекистон дар Афғонистон таъкид кард, ки робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни Тошканд ва Кобул бояд густариш ёбад.
Ойбек Усмонов бо таъкиди беҳтар шудани робитаҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ва Афғонистон ёдовар шуда, ки тиҷорат миёни Тошканд ва Кобул ба беш аз 1 миллиард доллар расидааст.
“Ба лутфи роҳбарони ду кишвар – президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Шайх соҳиб Ҳайбатуллоҳ Охундзода (нутқи айнан нақлшуда) ҳамкории фаъолонаи роҳбарони вазоратҳо, тоҷирони ду кишвар, гардиши молиявии тиҷоратии дуҷониба дар соли гузашта беш аз 1 миллард доллар афзоиш ёфтааст”.
Дар ин нишаст шуморе аз мақомоти гурӯҳи террористии Толибон ва фарҳангиёни Афғонистон низ иштирок доштаанд.
Атиқуллоҳ Азизӣ, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги гурӯҳи террористии Толибон дар ин нишаст ба омӯзишу мутолиаи осор ва коркардҳои адабии ду шахсияти таърихӣ – Алишер Навоӣ ва Зуҳуриддин Бобур таъкид кардааст. Атиқуллоҳ Азизӣ аз сафорати Ӯзбекистон хоста, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон семинар ва конфроснҳои илмӣ дар самти навоишиносӣ баргузор кунад.
“Фарзандони мо имрӯз ба ҷойи қаҳрамонони дурӯғини романҳои хаёлӣ, ӯро ба ҳайси улгу интихоб карда ва осорашро мутолеа кунанд” – гуфта Атиқуллоҳ Азизӣ.
Бархе аз нависандагон ва шоироне, ки дар ин нишаст ҳузур доштанд, хостори баргузории нишастҳои бештар ва эҷоди марказҳои фарҳангии муштарак миёни Кобул ва Тошканд шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”