Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп: “Исроил баъди ҷанг Ғаззаро ба Амрико вогузор мекунад”
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки Исроил баъди ҷанг Ғаззаро ба Амрико вогузор мекунад. Ӯ афзуда, ки Амрико бидуни он ки ба Ғазза неруи низомӣ интиқол диҳад, онро идора хоҳад кард.
Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки сокинони Ғазза ба ҷои амнтар, зеботар ва хонаҳои модерн интиқол хоҳанд ёфт.
“Ба ҳеч сарбози амрикоӣ дар Ғазза ниёз нахоҳад буд, дар ҳоле ки Вашингтон бо ҳамкории тимҳои рушди бузург аз тамоми дунё, ба оромӣ ва бодиққат шуруъ ба сохти яке аз бузургтарин ва диданитарин лоиҳаҳои рушд дар рӯйи замин хоҳад кард” – таъкид кард Доналд Трамп.
Дар нишасти хабарӣ бо сарвазири Исроил Бенямин Натанёҳо президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, Амрико фаластиниёнро ба ҷойҳои амн интиқол медиҳад ва Ғаззаро бозсозӣ мекунад.
Бисёре аз кишварҳои арабӣ ба пешниҳоди Доналд Трамп мухолифат карданд. Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар баёнияе гуфт, ки кӯчи иҷбории фаластиниҳоро нахоҳад пазируфт. Арабистони Саудӣ таъкид кард, ки бидуни ташкили як давлати мустақили фаластинӣ Исроилро ба расмият нахоҳад шинохт.
Ироқ, Миср ва Урдун низ пешниҳоди Доналд Трампро ғайри қобили қабул хонда, таъкид карданд, ки мухолифи ҳар навъ ҷо ба ҷойии фаластиниҳо ҳастанд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, ки мухолифи кӯчи иҷбории фаластиниҳо аз Ғазза аст ва ин корро мухолифи меъёрҳои ҳуқуқи башар ва наслкушӣ хонд.
Раиси давлати худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос бо интиқод аз пешниҳоди Доналд Трамп чунин таъкид кард: “Миллати Фаластин аз сарзамин ва муқаддасоти худ даст нахоҳад кашид ва минтақаи Ғазза бахши ҷудоинопазири кишвари Фаластин аст”.
Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳокон Фидан гуфт, ки мухолифи ҳазфи мардум аз минтақаи Ғазза аст ва суҳбат дар ин хусусро беҳуда гузаронидани вақт хонд: “Мавзӯи ихроҷи фаластиниҳо аз Ғазза вазъиятест, ки на минтақа ва на мо онро намепазирем. Ҳатто фикр кардан ва суҳбат дар ин хусус талаф кардани вақт ва иштибоҳ аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”