Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон ба ширкати Малайзия иҷозаи парвоз дод
Ширкати давлатии ҳавоии Малайзия “Air Asia X Berhad” дар нақша дорад, ки хатсайри парвозҳои мустақимро миёни пойтахтҳои Ӯзбекистон ва Малайзия роҳандозӣ намояд.
Ширкати давлатии “Air Asia X Berhad” бар асоси созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ миёни Ӯзбекистон ва Малайзия иҷозатномаи иҷрои парвозҳои мустақими Каула-Лумпур-Тошканд-Каула-Лумпурро ба даст овардааст. Дар ин хусус Хадамоти матбуотии агентии “Узавиатсия” хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ширкати мазкур парвозҳои мустақим миёни пойтахтҳои Малайзия ва Ӯзбекистон бо ҳавопаймои навъи А330 анҷом дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки ширкати давлатии “Air Asia X Berhad “ таҳти бренди “Air Asia X” фаъолият мекунад ва яке аз ширкатҳои пешқадами авиатсионӣ дар минтақаи Осиё мебошад. Ин ширкат хатсайрҳои дурпарвозро дар саросари ҷаҳон анҷом медиҳад.
Боз шудани хатсайри мустақим миёни Малайзия ва Ӯзбекистон дар равобити иқтисодии ду кишвар саҳифаи нав ба ҳисоб меравад. Дар солҳои ахир ҳукумати Ӯзбекистон талош мекунад, ки равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталиф тақвият ёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”