27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
06.02.2025 15:48

Баъди “ҳамоиши таърихии” Самарқанд Мирзиёевро дар Брюссел интизор мешаванд

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд аввалин ҳамоиши “Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ” баргузор мегардад, ки он дар рушди муносибатҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақа марҳилаи муҳим дониста мешавад.

Ҳамоиши зикршуда дар ибтидо қарор буд, дар соли 2024 баргузор шавад, аммо дар ин сол, ки масъалаи интихоби роҳбарияти нав дар Иттиҳоди Аврупо матраҳ буд, қарор шуд, дар соли 2025 баргузор шавад.

Муносибат миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо асосан дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, амният, фарҳанг, таҳсил ва ғайра ҷараён доранд.

Ташаббускорони баргузории ҳамоиш таъкид мекунанд, ки ду ҷониб хостори тақвият ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва чандҷониба мебошанд. Ин нишондиҳандаи нақши физояндаи Осиёи Марказӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва эътирофи аҳмияти стратегии он аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо аст.

“Осиёи Марказӣ барои Иттиҳоди Аврупо ба муддати тӯлонӣ як минтақаи ношиносеро мемонд, ки ба он камтар таваҷҷуҳ сурат мегирифт. Ногаҳон, пас аз соли 2022 мо мебинем, ки Осиёи Марказӣ ба маркази минтақаи Евразия табдил ёфт, хусусан дар қисмати роҳҳои нақлиётии глобалӣ” – гуфтааст, Ойбек Шайхов, дабири кулли Ассотсиатсияи иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон.

Чанде қабл Шавкат Мирзиёев аз тариқи суҳбати телефонӣ бо раиси Шурои Аврупо Антониу Кошта масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҳамоиши зикршударо баррасӣ кард.

Раиси Шурои Аврупо таъкид кард, ки интизор меравад, роҳбари Ӯзбекистон дар соли 2025 ба Брюссел ташриф орад, то созишномаи шарикии васеъ ва ҳамкориро имзо намояд.

Дар Брюссел сафари Шавкат Мирзиёевро пас аз баргузории аввалин ҳамоиши таърихии Самарқанд интизор ҳастанд, ки дар моҳи апрели имсол бояд анҷом ёбад.

Дар аввалин ҳамоиши таърихии Самарқанд кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо масъалаҳои муҳимми рушди дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.