Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Асрори фошшуда: Толибон беш аз 1400 занро боздошт ва зиндонӣ кардаанд
Як гурӯҳи хакерӣ ба сарчашмаҳои иттилооти вазорат ва ниҳодҳои зертобеъи гурӯҳи террористии Толибон ҳамлаҳои хакерӣ анҷом дода, бархе асноди онҳоро нашр кардаанд.
Дар асноди сиррие, ки аз сӯйи хакерҳо дар вебсасти “Толибон лик” нашр шудааст, ин гурӯҳ дар маҷмуъ 1400 занро дар Афғонистон боздошт ва зиндонӣ кардаанд.
Бар асоси гузориши нашршуда дар байни занони боздоштшуда даҳҳо шарҳвандони хориҷӣ низ вуҷуд доранд.
Бахши муҳимми асноди фошшуда вобаста ба идораи мустақили зиндонҳои Афғонистон мебошад. Зиндонҳо аксаран дар маркази вилоятҳои Афғонистон ҷойгиранд.
Бар асоси иттилооти нашршуда маҷмӯи кулли зиндониҳо ва боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳҳои маркази вилоят ба 18 ҳазор мерасад. Дар миёни боздоштшудаҳо 63 марди хориҷӣ мебошанд. Маҷмӯи занони боздоштшуда 1374 афғон ва 6 зани хориҷӣ мебошад.
Тибқи иттилои ифшошуда се мард ва ду зан дар Ҳирот зиндонӣ шудаанд. Нангарҳор, вилояти дигаре дар шарқи Афғонистон аст, ки дар он 11 мард ва як зани хориҷӣ боздошт шудаанд.
Дар вилояти Кунар - аз вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Покистон низ панҷ нафар боздошт шудаанд. Дар Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон низ як марди хориҷӣ зиндонӣ ва 8 нафари дигар боздошт шудаанд.
Дар ин ҷадвал ба ҳувият ва миллияти афроди боздоштшуда ишора нашудааст.
Бар асоси феҳристи фошшуда то моҳи сентябри соли гузашта Толибон занони бештарро дар Ҳирот, Кобул, Самангон зиндонӣ кардаанд. Шумораи занони зиндонии Толибон дар Ҳирот 96, дар Кобул 70 ва дар Самангон 36 нафар сабт шудааст.
Шумораи занони боздоштшуда дар Кобул 2009 нафар, дар Ҳирот 126 нафар, дар Балх 112 нафар гузориш шудааст. Тибқи маълумоти феҳрист дар рӯзҳои ахир 14 зан дар Самангон боздошт шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”