Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Раҳим ал-Ҳусайнӣ – 50-умин имоми шиаёни исмоилӣ таъйин шуд
Бар асоси васияти Карим ал- Ҳусайнӣ Оқохони 4-ум, писараш – Раҳим ал-Ҳусайнӣ Оқохони 5-ум, ки 53 –сола аст, ба ҳайси 50-умин имоми маврусӣ ва раҳбари маънавии мусалмонони ҷаҳон таъйин шуд.
Раҳим ал-Ҳусайнӣ писари калонии Карим Оқохон аст. Падари ӯ рӯзи сешанбе дар Лиссабони Португалия дар синни 88 –солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.
Шоҳзода Раҳим Оқохон 12-уми октябри соли 1971 таваллуд шуда, писари калонии Оқохони чорум мебошад. Ҳамсари аввалини Раҳим Оқохон, шаҳзодахонум Салима, ҷияни Сара Крокер Пол, як модели собиқи бритониёӣ буд. Ин ҷуфт соҳиби як духтар ва ду писар шудаанд.
Шоҳзода Раҳим таҳсили худро дар ИМА анҷом додааст ва дар ҳайати роҳбарии бисёре аз муассисаҳои Шабакаи рушди Оқохон фаъолият мекунад. Ин ташкилот асосан дар соҳаҳои тандурустӣ, манзил, маориф ва рушди иқтисодии деҳаҳо фаъолият дорад.
Падари ӯ - имоми чоруми шиаёни исмоилӣ Карим ал-Ҳусайнӣ, маъруф ба Карим Оқохони чорум дар синни 20 –солагӣ пас аз вафоти падараш - Амир Оқохон масъулияти имоматӣ ва ҳидояти шабкаҳои рушди Оқохонро бар уҳда гирифта буд.
Бисёре аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба даргузашти Оқохони чорум таслият арз намуданд. Роҳбарони кишварҳои аврупоӣ ва шарқӣ саҳми Оқохони чорумро дар рушд ва тавсеаи ҷаҳонӣ назаррас арзёбӣ карданд.
Карим Оқохони чорум соли 1936 дар Шветсия ба дунё омад ва аз соли 1957 пас аз даргузашти шоҳ Амир Оқохони севум ба унвони имоми исмоилиҳо муаррифӣ шуд. Ӯ на танҳо ба ҳайси як раҳбари мазҳабӣ, балки ба хотири фаъолиятҳои хайрхоҳона ва бештар дӯстонааш низ дар сатҳи ҷаҳон шуҳрат дошт. Ҳамчунин, дар бахши оғози раванди гуфтугӯҳо миёни динҳо, рушди инсонӣ ва тақвияти робитаҳои миёни ҷомеаҳои мухталиф фаъолиятҳои зиёде дошт.
Оқохони чорум, бунёдгузори Шабакаи рушди Оғохон буд, ки яке аз бузургтарин ва муассиртарин шабакаҳои рушд дар ҷаҳон аст. Шабакаи рушди Оқохон дар Тоҷикистон низ даҳҳо лоиҳаҳои омӯзишӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро амалӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”