Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Шумораи нафақагирон, маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон маълум шуд
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагирон 836 ҳазору 690 касро ташкил дода, аз ин шумор 167 ҳазору 108 нафар нафақагирони маъюб мебошанд. Аз ҷумла, гурӯҳи якум — 17 965 нафар, гурӯҳи дуюм — 82 068 нафар, гурӯҳи сеюм — 33 041 нафар, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола бошад, 34 034 кас мебошанд.
Инчунин, дар нишаст гуфта шуд, ки ҳоло шумори маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон 21 нафар ва шумори иштирокчиён дар ақибгоҳ бошад, 140 нафарро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки андозаи нафақаи миёна дар кишвар 106,17 сомонӣ зиёд шуда, аз 368,9 сомонӣ ба 475,07 сомонӣ баробар гардидааст. Дар ҳамин давра, барои нафақагирон хизматрасонӣ дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 8,7 миллион сомонӣ ё 48,8 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ аз пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”