27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
05.02.2025 16:58

Дар Қазоқистон 65 миллион рақамҳои қаллобиро масдуд карданд

Ержан Саденов, вазири корҳои дохилии Қазоқистон ба Қосим-Жомарт Токаев дар хусуси вазъи ҷинояткорӣ дар ин кишвар ва татбиқи принсипи “Қонун ва тартибот” аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ гузориш дод. Дар ин хусус, хабаргузории “Казинформ” хабар додааст.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон таъкид кард, ки дар солҳои охир сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои махсусан хавфнок, ба монанди куштор, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, дуздӣ ба таври назаррас паст шудааст. Ҳамзамон, бо ҷорӣ намудани усулҳои муосири тафтишотӣ сатҳи ошкорсозии тамоми намуди ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятӣ беҳтар гардидааст.

Ержан Саденов дар хусуси натиҷаҳои корҳои анҷомёфта оид ба ҷустуҷӯи ҷинояткорон хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар соли 2024 мақомоти полис 1949 нафар ҷинояткори таҳти ҷустуҷӯ қарордоштаро боздошт кардааст.

Президенти Қазоқистон бо раванди иҷрои супоришҳои ӯ дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил, киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, ҳамчунин, пешгирии қонуншиканиҳо шинос шуд.

Гуфта шуд, тайи 12 моҳ тақрибан 7500 манбаи интернетӣ, ки дар хусуси паҳн кардани маводи мухаддир маълумот доштанд, ошкор карда шуд. Ҳамчунин, қариб 22 тонна маводи мухаддир пеш аз ворид шудан ба муомилот мусодира гардида, 64 озмоишгоҳи истеҳсоли маводи мухаддир дар ин кишвар нест карда шуд.

Таъкид гардид, ки 65 миллион рақамҳои қаллобони интернетӣ масдуд шуда, 48 дастгоҳи SIM-box, ки барои иваз намудани рақамҳо истифода мешуданд, ошкор гардид. Инчунин, аз интиқоли беш аз 2 миллиард тенге аз Қазоқистон ба воситаи қаллобон пешгирӣ карда шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.