27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
05.02.2025 16:28

Муборизаи муштараки СААД ва СҲШ бо терроризм ва ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ

Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ ва роҳбари Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар мулоқоти дуҷониба дар хусуси густариши ҳамкориҳои фаъолона гуфтугӯ намуданд.

Роҳбарони ду созмони минтақавӣ дар ин мулоқот ба таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар терроризм ва ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ ба тавофуқ расиданд.

Рӯзи 4-уми феврал Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ иттилоъ дод, ки Имангали Тасмагамедов ва Орникбаев Шаршиев дар мулоқоти дуҷониба зуҳуроти ифротгароӣ ва мубориза бо терроризмро дар саҳти минтақаву ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Онҳо таъкид карданд, ки иҷрои стратегияи ҳар ду созмон муҳим аст ва зарурати ҳамкории фаъолона бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва маблағгузории ин соҳа ба вуҷуд омадааст.

Дар иттилоияи Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ зикр мешавад, ки тақвияти ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои суботи кишварҳои узв кумак мекунад.

Ҳафтаи гузашта дабири кулли СААД Имангали Тасмагамедов дар суҳбат бо ВАО таъкид карда буд, ки мубориза бо таҳдидҳои ифротгароӣ ва террористӣ ҷузъи асосии фаъолияти созмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ӯ зикр кард, ки таҳдидҳои амниятӣ аз дохили Афғонистон ҳанӯз вуҷуд дорад ва созмони мазкур иҷро намудани барномаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар соли 2025 оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон аъзои доимии Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ мебошанд.

Ҳафтаи гузашта дафтари минтақавии мубориза бо маводи мухаддири Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид. Дар ин нишаст таъкид шуд, ки бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бояд мубориза бурд. Бархе сафирони кишварҳо узв, аз ҷумла сафари Эрон дар Тоҷикистон аз боз шудани дафтари созмони мазкур ҳимоят карда буд.

Аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай 9 кишвар – Беларусия, Тоҷикистон, Арманистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳинд, Эрон ва Покистон мебошанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.