27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
05.02.2025 13:31

Виктор Орбан: “Агар ҷанг идома ёбад, Украина ба Афғонистони Аврупо табдил хоҳад шуд”

Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан рӯзи душанбе таъкид кард, ки агар музокироти Украина бо Русия ҳарчӣ зудтар оғоз нашавад, Украина ба сарнавишти Афғонистон дучор хоҳад шуд.

Виктор Орбан таъкид кард, ки хатми ҷанг ниёзманди дипломатия аст ва Аврупо набояд ба идомаи ҷанг то вайронии комили Украина пофишорӣ кунад.

Ӯ аз зарурати оғоз намудани роҳҳои дипломатӣ барои поёни ҷанг таъкид кард ва афзуд, ки Аврупо аз идомаи низоъ дар Украина пуштибонӣ мекунад.

“Аврупоиҳо фикр мекунанд, ки музокира накардан амали ахлоқӣ аст, ин хандаовар мебошад” – гуфт Виктор Орбан.

Гуфта мешавад, ки Виктор Орбан аз сиёсатмадорони наздик ба Путин аст ва дар тӯли ҷанги ин ду кишвар борҳо аз Русия пуштибонӣ кардааст.

Виктор Орбан хитоб ба мухолифони музокира бо Русия дар Аврупо гуфт, ки “Ҷанг то нобудии комил идома хоҳад ёфт ва Украина ба Афғонистони Иттиҳоди Аврупо табдил хоҳад шуд”.

Вай таъкид кард, ки кишварҳои аврупоӣ вонамуд мекунанд, то пирӯзӣ дар Киев хоҳанд монд, вале “дар воқеъ ҳеч лутфе ба Украина намекунанд”.

 “Аз ҳамон ибтидо мушаххас буд, ки Украина наметавонад пирӯз шавад, магар ин ки мо як ҷанги фарогирро оғоз кунем. Аммо ин гузина ғайримумкин аст. Имрӯз танҳо чизе, ки метавонад ба Украина кумак кунад, оташбас ва сулҳ аст”- афзуд Виктор Орбан.

Сарвазири Маҷористон шарҳ дод, ки Аврупо ва Ҷо Байден, президенти собиқи ИМА дар заъиф кардани Русия аз тариқи ҷанги Украина шикаст хӯрданд ва натавонистанд Маскавро водор намоянд, ки аз мақсадҳои худ дар ҷанг даст кашад.

Виктор Орбан гуфтааст, ки Аврупо ба як раҳбари қавӣ ба мисли Доналд Трамп, президенти ИМА ниёз дорад, то вориди амал шавад. Ӯ ба Иттиҳоди Аврупо пешниҳод кард, ки ҳамаи монеаҳоро канор гузорад ва барои музокираву барқарории оташбас миёни Русия ва Украина талош кунад.

Қаблан, Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон эълон карда буд, ки ҳукумати ӯ барои баргузор намудани ҷаласа ва музокираҳои Русия бо Украина омода аст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои мусбат аз музокироти Русия бо Украина ба даст хоҳанд омад.

Чанде қабл Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфта буд, ки Маскав ҳамчунон омодаи гуфтугӯ бо Амрико аст, вале то кунун дар ин замина ҳеч дархосте аз Вашингтон дарёфт накардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.