Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
17-18 миллиард доллар. Арзиши ташкилоти маъруфӣ UFC муайян шуд
Дана Уайт, роҳбари ташкилоти маъруфи UFC дар мусоҳиба бо журналисти бритониёӣ Пирс Моргар арзиши феълии созмони мазкурро ошкор кард.
Дар мусоҳиба Дана Уайт мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ташкилоти UFC тақрибан 17-18 миллиард доллари амрикоӣ арзиш дорад. Аммо ӯ илова мекунад, ки ин ташкилотро ҳамроҳи рафиқонаш ҳамагӣ бо 2 миллион доллар таъсис дода буданд.
UFC маъруфтарин ташкилот дар ҷаҳон аст, ки ба ташкили муҳорибаҳои омехта машғул аст. Ин ташкилот зиёда аз 20 сол мешавад, фаъол аст ва дар ин муддат садҳо мусобиқа ташкил кардааст.
Бояд гуфт, ки дар UFC варзишгарон аз саросари дунё ҷамъ омадаанд ва бо ҳам дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ мекунанд.
Пӯшида нест, ки аксари размкорон кӯшиш мекунанд, то ки шартномаи ин ташкилотро ба даст оранд ва дар мусобиқоти бонуфузу сертамошобин маҳораташонро нишон диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2022 инҷониб чор варзишгари тоҷик низ дар ин ташкилот баромад мекунанд ва ба натиҷаҳои хуб ноил гаштаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”