Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Рейтерз” ва “арабнюз”: “Дар ошӯби зиндони Ваҳдат 5 узви ДОИШ кушта шуд”
Бар асоси гузориши хабаргузории “Рейтерз” дар натиҷаи ошӯби маҳбусон дар зиндони шаҳри Ваҳдат 5 нафар зиндонӣ кушта ва 3 нафар нигоҳбон захмӣ мешаванд. “Рейтерз” бо такя ба ду манбаъ аз мақомоти Тоҷикистон хабар додааст.
Хабаргузории “Арабнюз” низ кушта шудани 5 нафар маҳбусро тасдиқ намуда, менависад, ки зиндониёни кушташуда узви ДОИШ будаанд. Ин хабаргузорӣ захмӣ шудани 3 нигоҳбони зиндонро низ тасдиқ мекунад.
Телевизиони “Афғонистон-интернейшнл” тасвири ҷасадҳои кушташудаи ошӯби маҳбаси шаҳри Ваҳдатро нарш кардааст. Дида мешавад, ки ҷасадҳо дар рӯйи замин афтодаанд. Дар тасвирҳо мушоҳида мешавад, ки дар як утоқи маҳбас парчами ДОИШ овехта шудааст.
Телевизиони мазкур бо такя ба сарчашмаҳои худ ошӯбгаронро узви гурӯҳи террористии “Ансоруллоҳ” муаррифӣ карда, навишт, ки ҳанӯз мақомоти расмии Тоҷикистон онро тасдиқ накардаанд.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3-уми феврал хабар дод, ки дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат 9 нафар зиндонӣ даст ба ошӯб задаанд. Дар натиҷаи ошӯб 3 нафар ҷинояткор безарар карда шуда ва 3 нафар нигоҳбон захмӣ шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати адлия 9 нафар маҳбуси ошбӯгар бо истифода аз асбобҳои худсохти бурандаю халанда ба нигоҳбонони зиндон ҳамла кардаанд. Мақомоти зиндон барои ором кардани ошӯб тиқби қонун ва муқаррароти хизматӣ аз аслиҳаи оташфишон истифода кардаанд. Дар натиҷа 3 нафар маҳбус безарар карда шуда, 3 нафар нигоҳбон захмӣ мешаванд.
Вазорати адлия гузориш дод, ки ба нигоҳбонони захмӣ кумакҳои аввалияи тиббӣ расонда шуда, ҳоло вазъияти саломатиашон муътадил аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”