Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Чин бузургтарин ситоди фармондеҳии ҷаҳонро месозад
Ҷумҳурии халқии Чин бузургтарин ситоди фармондеҳии низомии ҷаҳонро дар 30 километрии ҷанубу ғарби Пекин месозад.
Масоҳати маҷмааи низомӣ беш аз 600 гектарро ташкил медиҳад, ки он даҳ маротиба бузургтар аз Пентагон хоҳад буд.
Корҳои сохтмонӣ дар миёнаҳои соли 2024 оғоз шудааст ва дар назар аст, ки дар соли 2027 пурра ба анҷом расонида шавад. Соли 2027 садсолагии Артиши Ҷумҳурии халқии Чин ҷашн гирифта мешавад ва ба ин муносибат ситоди нави фармондеҳии Чин фаъол хоҳад шуд.
ВАО-и амрико навишт, маҷмааи низомӣ, ки ғайрирасмӣ “Шаҳри низомии Пекин” номида мешавад, масоҳати тақрибан 607 гектарро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки ин Марказ барои таъмини амнияти роҳбари олии Чин пешбинӣ шудааст. Бункерҳои мустаҳкам барои фармондеҳии Артиши халқии озоди Чин (АХОЧ) дар ин маҷмааи низомӣ сохта шавад.
Бар асоси гузориши хабаргузориҳои ғарбӣ аз тасвирҳои моҳвораӣ маълум мешавад, ки сохтмони ситоди фармондеҳии нави Чин аз миёнаи соли 2024 оғоз гардидааст. Тибқи нақша он дар соли 2027 ба анҷом мерасад.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”