Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эътирози хиёбонии олмониҳо зидди сахт кардани қонунҳои муҳоҷират
Рӯзи якшанбе дар маркази шаҳри Берлин ҳазорон нафар ҷамъ шуда, ба муқобили лоиҳаи пешниҳодкардаи мухолифини ҳукумати Олмон, ки қонунҳои муҳоҷиратро сахттар мекунад, эътироз намуданд.
Масъулияти иқдоми сахттар кардани қонунҳои муҳоҷиратро раҳбари консерваторони Иттифоқи масеҳиҳои демократ (ХДС) Фридрих Мертс бар уҳда дорад, ки ҳамчун номзади эҳтимолӣ барои мақоми конслерӣ дар интихоботи 23-уми феврали соли ҷорӣ муаррифӣ мешавад.
Лоиҳаи қонуни пешниҳоднамудаи мухолифон барои сахт кардани қонунҳои муҳоҷират аз ҷониби ҳизби ростгарои “Алтернатива барои Олмон” пешниҳод шуд, ки ин як қадами нодир дар сиёсати суннатии Олмон аст.
Полиси шаҳри Берлин хабар дод, ки тақрибан 160 000 нафар дар наздикии дарвозаи Беранденбург, ки дар назди бинои Бундестаг қарор дорад, ҷамъ омаданд.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи қонунҳои сахтгиронаи мухолифон ба парлумони Олмон пешниҳод шуд ва овоз нагирифт. Гурӯҳҳои ростгарои Олмон мухолифи ҳузури муҳоҷирони хориҷӣ дар Олмон ҳастанд. Онҳо, махсусан бар зидди мардуми Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, ки умдатан мусалмонҳоянд, таблиғот мебаранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”