27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
04.02.2025 13:22

Мухолифати кишварҳои араб ба кӯчонидани фаластиниҳо аз Ғазза

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои араб бо доир кардани нишасте дар шаҳри Қоҳираи Миср таъкид карданд, ки мухолифи кӯчонидани фаластиниҳо аз сарзаминҳояшон “таҳти ҳар шароит ё бо исботи ҳар далел” мебошанд.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои араб ба пешниҳоди Доналд Трамп, президенти ИМА барои кӯчонидани мардуми Ғазза ба Миср ва Урдун вокуниш карда, онро ғайриқобили қабул хонданд.

Вазирони корҳои хориҷа ва мақомоти Иттиҳодияи араб, Урдун, Арабистони Саудӣ, Қатар ва Миср ҳафтаи гузашта дар баёнияи муштарак таъкид намуданд, ки “муштоқи ҳамкорӣ бо ҳукумати Трамп барои дастёбӣ ба сулҳи одилонаву фарогир дар Ховари Миёна вобаста ба роҳи ҳалли эҷоди ду кишвар” ҳастанд.

Қобили зикр аст, ҳафтаи гузашта Доналд Трамп гуфт, ки Урдун ва Миср “Бояд ба шакли муваққатӣ ё дарозмуддат” теъдоди бештари фаластиниёни минтақаи Ғаззаро бипазиранд. Президенти ИМА минтақаи Ғаззаро “як вайрона”-и комил номид, ки дар он  беш аз 2,3 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои араб бо вокуниши шадид дар баёния эълон намуданд, ки чунин иқдом “боиси густариши даргириҳо шуда, суботи  минтақаро таҳдид ва чашмандози сулҳро заиф” хоҳад кард.

“Мо бо радди ҳар гуна талош барои хатча ворид кардан ба ҳуқуқи ғайри қобили инкори фаластиниҳо ба ҳар шакл ва  таҳти ҳар шароит ё таваҷҷуҳе таъкид мекунем: чӣ аз тариқи шаҳраксозӣ бошад ё дигар” – таъкид шудааст дар баёнияи Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои араб.

Вазирони хориҷаи кишварҳои араб аз барномаи Ҷумҳурии Миср барои баргузории конфронс оид ба бозсозии минтақаи Ғазза истиқбол намуданд. Ин конфронс, ки ҳанӯз рӯзи баргузориаш мушаххас нашудааст, мақсад дорад, таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро ба бозсозии минтақаи Ғазза ҷалб кунад.

Президенти Миср Абдуфаттоҳ Сисӣ ҳафтаи қабл идеяи кӯчонидани фаластиниён аз минтақаи Ғаззаро рад намуда, таъкид кард, ки кишвараш ҳеч вақт ба ин зулми таърихӣ ҳамроҳ нахоҳад шуд.

Яман Ал-Сафдӣ, вазири хориҷаи Урдун низ дар баёнияе гуфт: “Мухолифати мо ба кӯчонидани фаластиниҳо собит ва ғайриқобили тағйир аст. Урдун барои урдуниҳо ва Фаластин барои фаластиниҳост”.

Бо вуҷуди мухолифати кишварҳои араб ба кӯчонидани иҷбории фаластиниҳо чанд рӯз қабл Доналд Трамп бори дувум гуфт, ки “Мо корҳои зиёде барои онҳо анҷом медиҳем ва онҳо ин корро хоҳанд кард”.

Ишораи ӯ, эҳтимолан ба кумакҳои низомӣ ва сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кишварҳои араб аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.