27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
04.02.2025 13:05

Шумори муҳоҷирони меҳнатии Қазоқистон меафзояд

Хабаргузории давлатии “Казинформ”-и Қазоқистон зимни гузаронидани таҳқиқот маълум кардааст, беш аз 140 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта ва шумораашон меафзояд. Бештари онҳо бо даъвати ширкатҳо барои корҳои мавсимӣ ба хориҷ аз кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Тибқи омори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон дар соли 2024 беш аз 140 ҳазор нафар шаҳрвандони қазоқистонӣ барои кор ба кишварҳои Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Британияи Кабир ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рафтаанд.

Думан Кеншилик, як шаҳрванди Қазоқистон, ки ду соли охир дар Британияи Кабир кор кардааст, омили муҳоҷирати қазоқҳоро фарқияти музди маош медонад.

Ба гуфти ӯ, музди меҳнат дар кишварҳои аврупоӣ ва шароити кор нисбат ба Қазоқистон хеле беҳтар аст. Чанд моҳ кор дар Аврупо баробар ба даромади яксола дар Қазоқистон аст. Бо ин далел, бисёриҳо ба муҳоҷират ба кишварҳои аврупоӣ мераванд, то мушкилоти иқтисодиашонро ҳал намоянд.

“Ман кӯшиш мекардам, ки сарчашмаҳои иловагии даромад пайдо кунам ва дар сомонаи рекламавӣ эълонеро дидам, ки барои ҷамъоварии клубника дар Британияи Кабир коргар лозим аст. Музди меҳнат баланд ва шароитҳо мувофиқ буданд. Бе ҳеч гуна шакку шубҳа ман ариза додам ва ба Англия сафар кардам. Иҷро кардани кори вазнин дар хориҷи кишвар шарм нест, зеро он ҷо маош хеле баланд аст. Сокинони маҳаллӣ ба чунин корҳо таваҷҷуҳ надоранд ва он чизе, ки барои мо даромади хуб ҳисоб меёбад, барои онҳо музди хеле паст аст. Масалан, дар Англия ман ҳам дар ҷамъоварии клубника ва ҳам дар боркашонӣ кор кардам. Рӯзи корӣ 10-12 соатро ташкил медод ва музди меҳнат беш аз 5000 тенга дар як сол буд”- мегӯяд Думан Кеншилик.

Ин шаҳрванди Қазоқистон таъкид мекунад, ки на фақат қазоқҳо хоҳони кор дар соҳаи кишоварзӣ дар Аврупо ҳастанд, бал шаҳрвандони  Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Руминия ва Буғористон низ. Ӯ меафзояд, ки муҳимтарин талабот барои кор дар кишварҳои аврупоӣ риоя кардани қоидаҳои бехатарии меҳнат ва сиёсати муҳоҷират аст. Дар Аврупо визаҳои корӣ барои муддати аз 3 то 6 моҳ пешниҳод мегардад.

Хабаргузории “Казинформ” менависад, ки раванди сафари қазоқҳо барои кор ба хориҷи кишвар падидаи нав нест, вале дар 5 соли ахир  ин раванд фаъол шудааст. Дар соли ҷорӣ 4446 қазоқистонӣ ба Британияи Кабир, 3000 нафар ба ИМА, 6595 нафар ба Туркия, 101622 нафар ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Бар асоси омори Бюрои миллии омори ин кишвар аксари муҳоҷирони меҳнатии Қазоқистон мутахассисони соҳаи технология, иқтисод ва педагогика мебошанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.