Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Сипосгузории вазири тоҷик аз Кувайт барои маблағгузории “Роғун”
Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар дар шаҳри Кувайт дидор ва гуфтугӯ намуд. Ду ҷониб масъалаи густариши сармоягузории навро баррасӣ карданд.
Завқӣ Завқизода аз роҳбарияти фонди кувайтӣ барои дастгирии пайваста ва саҳмгузорӣ дар рушди инфрасохтори Тоҷикистон, бахусус сармоягузорӣ дар лоиҳаи “Роғун” изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки лоиҳаи “Роғун” барои тақвияти амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим иҷро мекунад.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки то имрӯз Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва инфрасохтори Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Дар посух ба дархости ҷониби Тоҷикистон роҳбари Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб изҳор кард, ки ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар маблағгузорӣ менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”