27 Сентябр 2026,
якшанбе, 22:02, Душанбе
04.02.2025 07:25

Нооромӣ дар зиндон. Маҳбусони ҳуҷумгар безарар карда шуданд

Тибқи иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия 3-юми феврал, соати 15:44 гурӯҳе иборат аз 9 маҳбуси Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷуми ҳалокатовар карданд.

Гуфта мешавад, ки зиндониёни ҳуҷумгар ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳанини нӯгтез талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расонида, фирор намоянд. Дар натиҷа, ба 3 корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидаанд.

Бинобар иттилои манбаъ, муҳофизон тибқи қонун ва дастурамали хизматӣ амал намуда, маҷбур гаштанд, ки дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд. Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд. Ҳамзамон, ба захмбардоштагон саривақт ёрии тиббӣ расонида шуд. Вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ гардида, низоми нигаҳдошт ва ҳимояи муассиса пурра барқарор шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.