Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Амрико мехоҳад дар Украина интихоботи парлумонӣ ва президентӣ баргузор шавад
Намояндаи хоси президенти ИМА дар умури Украина гуфтааст, ки Доналд Трамп мехоҳад, дар Украина интихоботи президентӣ ва парлумонӣ баргузор шавад.
Тибқи иттилои расонаҳо, ИМА аз Украина талаб кардааст, ки вақти гузаронидани интихоботҳои президентӣ ва парлумониро муайян кунад ва агар оташбас миёни Русия ва Украина барқарор шавад, ин беҳтарин фурсат барои баргузории интихобот хоҳад буд.
Кит Келлог, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар корҳои Украина гуфтааст: “Бештари кишварҳои демократӣ дар замони ҷанг ҳам интихобот баргузор мекунанд. Фикр мекунам, муҳим аст, ки Украина ин корро анҷом диҳад”. Ӯ таъкид кардааст, ки баргузории интихобот дар ҳар шароите барои демократия муҳим аст.
Ҳафтаҳои ахир ВАО-и амрикоӣ аз эҳтимоли оғози оташбас ва қатъи ҷанг дар Украина ва Русия суҳбат мекунанд. Намояндаи президенти ИМА гуфтааст, ки Доналд Трамп ба Украина фишор меоварад, то барои қабул кардани шартҳои оташбас омода шавад. Ӯ гуфтааст, ки ҳам Украина ва ҳам Русия барои барқарор шудани оташбас ва қатъи ҷанг ниёз ба гузашт ва ақибнишинӣ аз баъзе мавқеъгириҳо доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”