27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
03.02.2025 14:50

Ҳайати баландпояи Ҳамос рӯзи душанбе ба Маскав сафар мекунад

Дар пайи сафари сарвазири Исроил Бенямин Натанёҳу ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрика, ВАО –и русӣ эълон карданд, ки як ҳайати баландпояи Ҳамос барои гуфтугӯ бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Маскав сафар мекунанд.

“РИА Новости” хабар дод, ки Мӯсо Абдумарзуқ, муовини сиёсии гурӯҳи Ҳамос ва ҳайати ӯ рӯзи душанбе вориди Маскав шуда, бо мақомоти олии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия мулоқот хоҳанд кард. Ҷузъиёти мулоқоти ҳайати Ҳамос бо мақомоти русӣ ифшо нашудааст.

Сафари ҳайати Ҳамос ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки Бенёмин Натанёҳу барои музокироти фарогир бо Доналд Трамп роҳии Вашингтон шуд. Дар назар аст, ки Бенямин Натанёҳу дар ин сафар бо Доналд Трамп мулоқот намуда, назари ӯро барои ҳимоят аз Исроил дар баробари Ҳамос ва муттаҳидонаш ҷалб кунад.

Бенямин Натанёҳу қабл аз сафар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, “Тасмимҳое, ки дар ҷанг гирифтаем, чеҳраи Ховари Миёнаро тағйир медиҳад. Ман бовар дорам, ки бо ҳамкории наздик бо Доналд Трамп, президенти ИМА метавонем нақшаро ҳатто беҳтару беҳтар тағйир диҳем”.

Сафари сарвазири Исроил ба Вашингтон ва сафари ҳайати Ҳамос ба Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки беш аз як ҳафта боз дар минтақаи Ғазза оташбас барқарор аст. Дар тайи беш аз як ҳафта дар чанд марҳила табодули асирон миёни Исроил ва Ҳамос сурат гирифт. Бисёре аз кишварҳои арабӣ, ки ташаббускори ба миён омадани оташбас дар Ғазза ҳастанд, кӯшиш мекунанд, оташбас ба сулҳи пойдор табдил ёбад.

Доналд Трамп дар корзори интихоботиаш гуфта буд, ки ба ин ҷанги беъмано хотима медиҳад. Дар пайи фишорҳои ҳукумати Доналд Трамп тафовуқи оташбас миёни Ҳизбуллоҳ - Исроил ва Ҳамос – Исроил барқарор шуд.

Дар ҷанги беш аз яксолаи Ҳамосу Исроил садҳо нафар куштаву захмӣ шуданд ва минтақаи Ғазза комилан ба харобазор табдил шуд. Ҳоло Исроил иҷозат додааст, ки сокинони Ғазза ба хонаҳои худ баргарданд.

Ҷанги Исроил бо Ҳамосро бисёре аз созмонҳои ҳуқуқи башар ваҳшиёна хонда, гуфтаанд, ки Исроил дар ҷараёни ҷанг ба ҷиноятҳои  зиддибашар даст задааст. Додгоҳи байналмилалии ГААГА қарори боздошти Бенямин Натанёҳу ва вазири собиқи дифои ин кишварро барои анҷом додани ҷиноятҳои зиддибашарӣ содир кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.